Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба даст овардани хушбахтӣ дар издивоҷи дуюм

Ба даст овардани хушбахтӣ дар издивоҷи дуюм

КАЛИДҲОИ ХУШБАХТИИ ОИЛА

Ба даст овардани хушбахтӣ дар издивоҷи дуюм

ГЕРМАН *: «Зани якуми ман баъд аз 34 соли оиладориамон аз касалии саратон вафот кард. Вақте ки ман аз нав хонадор шудам, занам Линда ҳис мекард, ки ман ӯро доимо бо зани пештараам муқоиса мекунам. Ба замми ин, дӯстони пешина бисёр вақт дар бораи хислатҳои хуби зани якумам гап мезаданд ва ин Линдаро ғамгин мекард».

ЛИНДА: «Баъд аз он ки ману Герман оиладор шудем, ман ҳис мекардам, ки шавҳарам ва дигарон маро чун зани пештараи ӯ қадр намекунанд. Аз рӯи гуфти дигарон вай меҳрубон ва хушмуомила буд ва ҳама ӯро хеле дӯст медоштанд. Баъзан ман фикр мекардам, ки оё ба шавҳарам мисли зани пештарааш наздик шуда метавонам ё не».

Линда аз шавҳари якумаш ҷудо шуда буд. Ӯ ва Герман хурсанданд, ки бо ҳамдигар вохӯрданд. Лекин, чӣ хеле ки онҳо мегӯянд издивоҷи дуюм душвориҳое дошта метавонад, ки дар издивоҷи якум тамоман набуданд *.

Агар шумо аз нав оила барпо карда бошед, шумо дар бораи издивоҷи дуюматон чӣ ақида доред? Зане бо номи Тамара, ки баъд аз се соли аз шавҳараш ҷудо шудан аз нав хонадор шуд, мегӯяд: «Вақте ки шумо бори аввал оиладор мешавед, фикр мекунед, ки издивоҷатон якумра хоҳад буд. Аммо дар издивоҷи дуюм шумо шояд чунин ҳиссиёт надошта бошед, чунки ҳамеша дарк мекунед, ки издивоҷи якуматон барҳам хӯрдааст».

Ба ҳар ҳол, бисёр касон аз издивоҷи дуюм хурсандии зиёд ва бардавом ёфтанд. Онҳо дар издивоҷи худ муваффақ гардиданд ва шумо низ муваффақ гашта метавонед! Чӣ тавр? Биёед се душвории дар ин ҷониб паҳнгаштаро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддас барои ҳалли онҳо ба шумо кӯмак карда метавонанд *.

ДУШВОРИИ 1: ХОТИРАҲО АЗ ИЗДИВОҶИ ПЕШТАРААТОН БА ХУШБАХТИИ ИЗДИВОҶИ ҲОЗИРААТОН ХАЛАЛ РАСОНДА МЕТАВОНАНД.

«Ман наметавонам хотираҳои худро дар бораи издивоҷи якумам фаромӯш кунам, хусусан вақте ки мо ба ҷойҳое саёҳат мекунем, ки бо шавҳари пештараам барои дамгирӣ рафта будем»,— мегӯяд Элен, ки дар Африқои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. «Баъзан беихтиёр чунин шуда мемонад, ки ман шавҳари ҳозираамро бо шавҳари пешинаам муқоиса мекунам». Аз тарафи дигар, агар ҳамсари шумо дар бораи ҳамсари аввалааш зуд-зуд гап занад, ин метавонад худи шуморо ранҷонад.

МАСЛИҲАТ: Интизор шудани он ки шумо ё ҳамсаратон дар бораи издивоҷи якуми худ тамоман фаромӯш мекунед, аз воқеият дур аст, хусусан агар он якчанд сол давом карда бошад. Масалан, баъзе одамон иқрор мешаванд, ки ҳамсарашонро нохост бо номи ҳамсари пешинаашон ҷеғ зада мемонанд. Шумо дар чунин ҳолат ё ҳолати ба ин монанд чӣ кор карда метавонед? Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад, ки «ҳамдард» бошед, яъне ба ҳиссиёти дигарон бо фаҳмиш муносибат кунед (1 Пет. 3:8).

Ба рашк дода шуда, ба ҳамсаратон дар бораи издивоҷи аввалааш сухан гуфтанро тамоман манъ накунед. Агар ҳамсари шумо ба сӯҳбат кардан оиди зиндагӣ бо ҳамсари аввалааш ниёз дошта бошад, бо фаҳмишу меҳрубонӣ ӯро гӯш кунед. Инчунин, саросемавор хулоса набароред, ки ӯ шуморо бо ҳамсари пештарааш муқоиса карда истодааст. «Зани ман Кейтлин ҳеҷ гоҳ ба мавзӯъ оиди зани пештараам чун ба чизи манъшуда муносибат намекард»,— мегӯяд Ян, ки 10 сол пеш, аз нав оиладор шуда буд. «Баръакс, занам ба ин чун ба имконияти фаҳмидани ҳаёти ман менигарист». Шумо низ метавонед ба чунин сӯҳбатҳо чун ба имконияти наздиктар шудан ба ҳамсари наватон нигоҳ кунед.

Диққататонро ба хислатҳои хуб ва мусбии ҳамсари ҳозираатон равона кунед. Шояд ба ҳамсари ҳозираатон баъзе хислатҳо ва қобилиятҳое, ки ҳамсари аввалаатон дошт, намерасанд. Аммо ҳамсари ҳозираатон эҳтимол аз дигар ҷиҳатҳо бартарӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, таҳкурсии издивоҷи худро на бо фарқ кардани яке бо дигаре, балки бо мулоҳиза рондан ва қадр кардани он чизе, ки дар ҳамсаратон ба шумо маъқул аст, мустаҳкам кунед (Ғал. 6:4). Марде бо номи Эдмонд, ки ду маротиба оиладор шудааст, чунин қайд мекунад: «Чӣ тавре, ки дӯстӣ бо ду шахс аз ҳам фарқ мекунад, ҳамин тавр ду издивоҷ низ як хел намешавад».

Чӣ бояд кард, то ки хотираҳои хуб аз издивоҷи пештараатон ба ҳаёте, ки шумо бо ҳамсари наватон сар карда истодаед, халал нарасонанд? «Боре ман ба занам фаҳмондам, ки издивоҷи аввалаи ман мисли як китоби зебое буд, ки аз тарафи ману зани пештараам навишта шудааст»,— мегӯяд Ҷеред. «Як-як ман метавонам ин китобро кушода хонам ва оиди воқеаҳои хуби он мулоҳиза ронам. Аммо ман дар он китоб зиндагӣ намекунам. Зеро ҳоло ману ҳамсарам якҷоя китоби худамонро навишта истодаем ва ин аст он ҷое ки ман ҳоло хурсандона зиндагӣ дорам».

ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Аз ҳамсаратон пурсед, ки агар гап дар бораи ҳамсари пешинаатон равад, оё ӯ худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Муайян кунед, ки дар кадом мавридҳо беҳтар мебуд, ки оиди издивоҷи аввалаатон гап назанед.

ДУШВОРИИ 2: МУОШИРАТ БО ДӮСТОНИ ПЕШИНА, КИ БО ШУМО Ё ҲАМСАРИ НАВАТОН НОШИНОСАНД, МУШКИЛ БУДА МЕТАВОНАД.

«Чанде пас аз оиладор шудани мо, занам ҳис кард, ки баъзе дӯстони ман ӯро дар дили худ баҳо медоданд»,— мегӯяд Хавер, ки баъди шаш соли ҷудошавиаш аз нав хонадор шуд. Шавҳаре бо номи Лео бо вазъияти дигаре рӯ ба рӯ гашт. Ӯ нақл мекунад: «Баъзеҳо ҳатто дар ҳузури ман ба занам мегуфтанд, ки то чӣ андоза шавҳари аввалаи ӯро дӯст медоштанд ва вайро ёд кардаанд!»

МАСЛИҲАТ: Кӯшиш кунед, ки худро ба ҷои дӯстонатон гузоред. «Ман фикр мекунам, ки барои дӯстони пешина муошират бо рафиқи худ, ки акнун ҳамсари дигар гирифтааст, баъзан вақт хеле дардовар ва ногувор аст»,— мегӯяд Ян, ки дар боло дар борааш гуфта будем. Барои ҳамин, бомулоҳиза бошед ва «ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор» намоед (Тит. 3:2). Ба дӯстонатон ва оилаатон барои одат кардан вақт диҳед. Бо дигар шудани издивоҷи шумо доираи дӯстонатон низ дигар шуда метавонад. Хавер, ки дар борааш дар боло гуфтем, мегӯяд, ки бо гузашти вақт ӯ ва занаш муносибатро бо дӯстони пешина аз нав барқарор карданд. Ӯ илова мекунад: «Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки чун ҷуфт дӯстони нав пайдо кунем ва ин низ ба мо кӯмак мекунад».

Вақте ки шумо бо дӯстони пешина вақт мегузаронед, хуб мебуд, ки оиди ҳиссиёти ҳамсаратон фикр кунед. Масалан, агар ҳангоми муошират кардан гап дар бораи издивоҷи аввалаатон равад, дар сухан боэҳтиёт ва бомулоҳиза бошед, то ки ҳамсари наватон худро аз давра берун ва бегона ҳис накунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки агар шахс фикр накарда сухан ронад, ин метавонад «мисли зарби шамшер» бошад, «вале забони хирадмандон офият мебахшад» (Мас. 12:18).

ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Муайян созед, ки кадом мавридҳо шумо ё ҳамсаратонро дар ҳолати ногувор гузошта метавонанд. Ва пешакӣ муҳокима кунед, ки ба саволҳое, ки дӯстонатон оиди издивоҷи аввалаи шумо медиҳанд, чӣ гуна ҷавоб додан беҳтар аст.

ДУШВОРИИ 3: БА ШУМО БОВАРӢ КАРДАН БА ҲАМСАРИ ҲОЗИРААТОН МУШКИЛ АСТ, ЗЕРО ҲАМСАРИ ПЕШИНААТОН БА ШУМО ХИЁНАТ КАРДА БУД.

«Ман метарсидам, ки бори дигар бо хиёнат дучор нашавам»,— мегӯяд Эндрю, ки зани аввалааш ӯро тарк карда буд. Баъдтар, ӯ бо зани ҳозирааш Райли оиладор шуд. Эндрю мегӯяд: «Ман бисёр вақт фикр мекардам, ки оё ягон бор чун шавҳари пештараи Райли хуб буда метавонам ё не. Ман ҳатто хавотир будам, ки ӯ рӯзе қарор медиҳад, ки ман мисли шавҳари пешинааш нағз нестам ва сипас маро партофта бо марди дигаре меравад».

МАСЛИҲАТ: Ташвишу ҳиссиёти худро ошкоро ба ҳамсаратон баён кунед. «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад»,— гуфта шудааст дар Китоби Муқаддас (Мас. 15:22). «Машварат», яъне гуфтугӯи самимона оқибат ба Эндрю ва Райли кӯмак кард, ки ба якдигар боварӣ кунанд. «Ман ба Райли гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ ҷудошавиро роҳи осони ҳалли проблемаҳо намешуморам ва онро пеш намегирам,— мегӯяд Эндрю,— ва Райли низ ин фикри маро дастгирӣ мекунад. Оҳиста-оҳиста ман ба ӯ пурра боварӣ пайдо кардам».

Агар ҳамсари ҳозираи шумо дар издивоҷи пештарааш хиёнат дида бошад, ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то ки боварии ӯро ба даст оред. Масалан, Мишел ва занаш Сабина, ки издивоҷи аввалаашон бо ҷудо шудан барҳам хӯрдааст, маслиҳат карданд, ки агар мабодо бо ҳамсари пешинаашон вохӯранд ё гуфтугӯ кунанд, дар ин бора ба якдигар мегӯянд. «Чунин ӯҳдадорӣ ба мо ҳисси бехатарӣ ва оромӣ мебахшад»,— мегӯяд Сабина (Эфс. 4:25).

ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Дар танҳоӣ бо шахси ҷинси муқобил муошират карданро барои худ маҳдуд кунед — хоҳ рӯбарӯ бошад ва хоҳ бо телефон ё Интернет.

Бисёр касоне, ки дуюмбора издивоҷ кардаанд, хушбахтанд ва шумо низ хушбахт буда метавонед. Охир, назар ба он вақте ки шумо бори аввал издивоҷ карда будед, эҳтимол ҳоло шумо худро хубтар мешиносед. Эндрю, ки дар борааш аллакай гуфта будем, мегӯяд: «Ман дар издивоҷ бо Райли тасаллои беинтиҳо меёбам. Дар муддати 13 соли оиладорӣ, мо бо ҳам муносибати хеле наздик пайдо кардем, ки онро ҳеҷ гоҳ аз даст додан намехоҳем».

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 3 Номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 5 Албатта ҳиссиёти онҳое, ки ҳамсарашон вафот кардаанд, аз ҳиссиёти шахсоне, ки аз ҳамсарашон ҷудо шудаанд, фарқи калон дошта метавонад. Ин мақола ба он равона шудааст, ки ба чунин шахсон барои дар издивоҷи дуюмашон хушбахт будан кӯмак кунад.

^ сарх. 7 Барои гирифтани маълумот оиди бартараф кардани душвориҳо бо фарзандони ӯгай, ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июни с. 2013 (bw535-TJ), ба мақолаи «Душвориҳо дар оилаҳое, ки падар ё модар ӯгай мебошанд», нигаред.

АЗ ХУД ПУРСЕД...

▪ Кадоме аз хислатҳои ҳамсарам ба ман хусусан маъқуланд?

▪ Агар гап дар бораи издивоҷи аввалаам равад, ман риштаи сӯҳбатро чӣ тавр бурда метавонам, то ки ҳамсари ҳозираамро дар ҳолати ногувор нагузорам ва ба ӯ эҳтиром нишон диҳам?

[Tасвир дар саҳифаи 13]

[Tасвир дар саҳифаи 15]

Хотираҳои наве бунёд кунед, ки шуморо чун ҷуфт ба ҳам пайваст кунанд