Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба дили одам нигоҳ мекунед?

Оё шумо ба дили одам нигоҳ мекунед?

ДОН, яке аз Шоҳидони Яҳува, дар Канада кӯшиш мекард, ки ба одамоне, ки дар кӯча зиндагӣ мекунанд, мавъиза кунад. Дон дар бораи яке аз онҳо нақл карда мегӯяд: «Ман дар тангкӯча марди бехонаеро бо номи Питер вохӯрдам. Вай чиркинтарин шахсе буд, ки ман дар ҳаётам дидам. Ба болои ин ӯ муомилаи бад дошт, худро аз одамон дур мекашид ва ҳамеша ёрдами онҳоро рад мекард». Ба ҳар ҳол, бародар дар давоми зиёда аз 14 сол пуртоқатона ба ин марди бехонаву дар ёрдам мекард.

Як рӯз Питер аз Дон пурсид: «Барои чӣ ту вақтатро беҳуда ба ман сарф мекунӣ? Дигар кас ба ҷойи ту кайҳо маро партофта мерафт. Намефаҳмам, ки барои чӣ ту ин қадар ба ман ғамхорӣ мекунӣ?» Дон бо ёрии се оят хост, ки ба дили Питер таъсир расонад. Якум, бародар аз Питер пурсид, ки оё ӯ медонад, ки Худо ном дорад, ва баъд аз вай хоҳиш кард, ки Забур 82:19-ро хонад. Барои нишон додани он ки чаро ӯ ба Питер ғамхорӣ мекунад, бародар Румиён 10:13, 14-ро нишон дод, ки дар он ҷо гуфта шудааст: «Ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт». Дар охир Дон Матто 9:36-ро хонд ва аз Питер хоҳиш кард, ки дар бораи суханони ин оят фикр кунад. Дар ин оят навишта шудааст, ки «[Исо] анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд». Он вақт Питер бо чашмони пур аз ашк гуфт: «Наход ман ҳам дар қатори он гӯсфандон бошам?»

Питер ҳаёташро тағйир дод. Ӯ оббозӣ кард, ришашро паст кард ва сару либоси тозаеро, ки Дон ба ӯ дода буд, пӯшид. Баъд аз ин Питер ҳамеша бо сару либоси тоза мегашт.

Питер дафтарчаи хотираҳо дошт. Чизҳое ки ӯ дар саршавии ин дафтарча навишта буд, тираву тор буданд, вале баъдтар фикрҳояш тамоман дигар шуданд. Масалан, ӯ навишта буд: «Ман имрӯз фаҳмидам, ки Худо ном доштааст. Акнун, вақте дуо гуфтан мехоҳам, ба Яҳува дуо мегӯям. Ман аз фаҳмидани номи Ӯ хеле хурсандам. Дон гуфт, ки Яҳува барои ман Дӯсте шуда метавонад, ки ҳама вақт ба гӯш кардан тайёр аст».

Суханони охирони Питер ба хешу табораш равона шуда буд. Ӯ навишт:

«Ман имрӯз худамро он қадар нағз ҳис намекунам. Ба фикрам, ҳамааш аз сабаби пирӣ аст. Ҳатто агар ин рӯз охирин рӯзи ҳаётам бошад ҳам, ман боварӣ дорам, ки дӯстамро [Донро] боз дар Биҳишт мебинам. Вақте шумо ин суханонро мехонед, ман аллакай дар байни шумо намешавам. Лекин, агар дар рӯзи дафни ман марди ношиносро бинед, ҳамроҳаш гап занед ва, илтимос, ин китобчаи кабудро * хонед. Дар он гуфта шудааст, ки ман бори дигар дӯстамро дар Биҳишт мебинам. Ман ба ин сахт боварӣ дорам. Бо меҳру муҳаббат бародари шумо, Питер».

Баъди гӯру чӯб кардани Питер апааш Юме чунин навишт: «Вақте ду сол пеш ман бо бародарам гап задам, ӯ хушбахт буд. Чанд сол боз ман ӯро ин хел хурсанд надида будам». Юме ба Дон гуфт: «Ман ин китобро ҳатман мехонам, чунки китобе, ки ба бародарам таъсир расондааст, бояд ғайриоддӣ бошад». Инчунин Юме розӣ шуд, ки бо яке аз Шоҳидони Яҳува китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас»-ро омӯзад.

Мо низ метавонем ба намуди зоҳирӣ назар накарда, бо ҳама одамон меҳрубону пуртоқат бошем (1 Тим. 2:3, 4). Агар ин тавр кунем, мо ба одамони мисли Питер назарногир, вале покдил кӯмак карда метавонем, ки ҳаёташонро дигар кунанд. Худо «он чиро, ки дар дил аст, мебинад», барои ҳамин мо бовар дошта метавонем, ки Ӯ ба ин гуна шахсон ёрдам мекунад, то ҳақиқат дар дилашон реша давонад (1 Подш. 16:7; Юҳ. 6:44).

^ сарх. 7 Ин китобча «Ҳақиқате ки сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад» ном дошт. Он барои омӯхтани Китоби Муқаддас пешбинӣ шуда буд. Ин китоб аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст, лекин ҳоло дигар чоп намешавад.