Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КӮМАК БА ОИЛАҲО | ИЗДИВОҶ

Чӣ тавр миннатдорӣ нишон диҳем?

Чӣ тавр миннатдорӣ нишон диҳем?

ДУШВОРӢ

Барои он ки оила хушбахт бошад, ба ҳамсарон муҳим аст, ки аз якдигар миннатдор бошанд. Аммо, афсӯс ки, бисёр занону шавҳарон бо гузашти вақт ба хислатҳои хуби якдигар аҳамият намедиҳанд. Ҳамин тавр дар оила миннатдорӣ аз байн меравад. Як маслиҳатчии оилаҳо дар китобаш чунин мегӯяд, ки вақте одамон аз ӯ маслиҳат мепурсанд, бисёртар дар бораи камбудии оилаашон гап мезананд, на дар бораи чизҳои хуби он. Онҳо бештар ба он диққат медиҳанд, ки чӣ дар оилаашон бояд дигар шавад, лекин дар бораи он ки чӣ бояд ҳамин хел истад, фикр намекунанд. Ба гуфти ин маслиҳатдиҳанда, «хатои ин одамон дар он аст, ки онҳо кӯрнамаку ношукр шудаанд ва ҳамин тавр меҳрубониро аз даст додаанд» (Emotional Infedility).

Чӣ кор карда метавонед, ки шумо ҳам ба ҳамин хатогӣ роҳ надиҳед?

ДАР ЁД ДОРЕД...

Миннатдорӣ ғаму ташвиши ҳамсаронро камтар месозад. Агар зану шавҳар кӯшиш кунанд, ки хислатҳои хуби якдигарро бинанд, муносибаташон беҳтар мешавад. Вақте онҳо якдигарро қадр мекунанд, ҳатто нофаҳмиҳои ҷиддиро ҳал кардан мумкин аст.

Барои занон. Дар китоби «Чанд қадам пеш аз хиёнат» гуфта мешавад: «Бисёр занон заҳмати мардонро, ки барои таъмин кардани оила мекашанд, қадр намекунанд». Ин вазъият ҳамчунин дар ҷойҳое дида мешавад, ки ҳам зан ва ҳам шавҳар кор мекунанд (Emotional Infedility).

Барои шавҳарон. Бисёр вақт мардон ба меҳнати занон он қадар аҳамият намедиҳанд, хоҳ онҳо кори хонаро кунанд, кӯдак тарбия кунанд ё дар ягон ҷо кор кунанд. Зане бо номи Фирӯза *, ки се сол боз оиладор аст, мегӯяд: «Албатта, ҳамаи мо хато мекунем. Аммо вақте худам ягон хато мекунам, худамро мехӯрам. Барои ҳамин, вақте шавҳарам маро барои ягон корам таъриф мекунад, масалан, барои кардани ягон кори хона, ман ҳис мекунам, ки ӯ ба камбудиҳоям нигоҳ накарда маро дӯст медорад. Дастгирии ӯ маро оромӣ мебахшад ва ман худро даркорӣ ҳис мекунам».

Қадр накардани зан ё шавҳар хеле хатарнок аст. Оқибати кор хиёнат шуда метавонад. Зане бо номи Вазира мегӯяд: «Вақте туро дар оила қадр намекунанд, дилат ба касе моил мешавад, ки қадри туро медонад».

ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?

Бодиққат бошед. Мақсад монед, ки ҳамин ҳафта ба хислатҳои хуби ҳамсаратон ва корҳое, ки ӯ барои беҳбудии хонадонатон мекунад, диққат диҳед. Кӯшиш кунед чизҳоеро, ки пештар ба онҳо аҳамият намедодед, бинед. Дар охири ҳафта рӯйхат тартиб диҳед ва дар он ду чизро нависед: 1) хислатҳои хуби ҳамсаратонро ва 2) он корҳоеро, ки ӯ ин ҳафта барои фоидаи оилаатон кардааст. (Ояти Китоби Муқаддас: Филиппиён 4:8.)

Барои чӣ бодиққату мушоҳидакор будан муҳим аст? Зане бо номи Аҳдия мегӯяд: «Баъди якчанд соли оиладоршавӣ, одам ба хислатҳои хуби ҳамсараш одат мекунад ва дигар ба онҳо он қадар аҳамият намедиҳад. Шахс бештар ба камбудиҳои ҳамсараш диққат медиҳад, на ба хислатҳои хуби ӯ».

Аз худ бипурсед: «Оё ман меҳнати ҳамсарамро қадр мекунам?» Масалан, агар шумо зан бошед, вақте шавҳаратон дар хона ягон чизи вайронро дуруст мекунад, оё шумо раҳмат мегӯед? Ё чунин фикр мекунед: «Ин вазифаи мардак аст, бояд кунад»? Агар шумо шавҳар бошед, оё ба занатон барои меҳнаташ раҳмат мегӯед, масалан барои нигоҳубин кардани кӯдакон? Ё чунин фикр мекунед: «Чӣ ҷойи таъриф? Кори занак ҳамин!»? Бигзор дидани корҳои хурду калони ҳамсаратон ба одати шумо дарояд. Дар пеши худ мақсад монед, ки барои ҳар як чунин кор ба зан ё шавҳаратон раҳмат гӯед. (Ояти Китоби Муқаддас: Румиён 12:10.)

Доимо ҳамсаратонро таъриф кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Шукргузор бошед» (Қӯлассиён 3:15). Шахси шукргузор доимо миннатдориашро нишон медиҳад. Кӯшиш кунед, ки зуд-зуд ҳамсаратонро таъриф кунед. Марде бо номи Ҷовид мегӯяд: «Вақте занам барои ягон корам раҳмат мегӯяд, ин ба ман болу пар мебахшад ва ман барои шавҳари беҳтар шудан бисёртар кӯшиш мекунам». (Ояти Китоби Муқаддас: Қӯлассиён 4:6.)

Якдигарро қадр карда зану шавҳар муносибаташонро мустаҳкам мегардонанд. Шавҳаре бо номи Майкл мегӯяд: «Баъзе одамон барои он ҷудо мешаванд, ки хислатҳои хуби якдигарро фаромӯш мекунанд. Агар онҳо дар вақти пайдо шудани душвориҳо хислатҳои хуби ҳамдигарро ба ёд оранд, даррав фикри ҷудошавиро намекунанд. Онҳо дарк мекунанд, ки бо ҷудо шудан чизи пурқиматеро аз даст медиҳанд».

^ сарх. 9 Баъзе номҳо иваз шудаанд.