Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 4

Исои Масеҳ кист?

Исои Масеҳ кист?

1. Ҳаёти Исо чӣ гуна сар шуда буд?

Барои кадом хислатҳояш дигарон ба Исо майл доштанд? (МАТТО 11:29; МАРҚӮС 10:13–16).

Исо аз ҳамаи дигар одамон фарқ мекард, чунки вай пеш аз он ки дар замин таваллуд шавад дар осмон чун офаридаи рӯҳонӣ зиндагӣ карда буд (Юҳанно 8:23). Ӯ якумин офаридаи Худо буд. Вай дар осмон аз ягон зан таваллуд нашудааст. Ӯро Яҳува худаш офарид ва барои ҳамин ба маънои рамзӣ вайро «Писари Худо» гуфтан мумкин аст (Матто 16:16). Барои офаридани ҳамаи чизҳои дигар Исо ба Яҳува ёрдам додааст. Исо ҳамчунин «Масеҳ», яъне Тадҳиншуда номида шудааст. «Масеҳ» ё Тадҳиншуда гуфта шахсеро мегӯянд, ки Худо барои иҷрои кори махсусе таъин кардааст. (Масалҳо 8:22, 23, 31 ва Қӯлассиён 1:15, 16-ро хонед).

2. Барои чӣ Исо ба замин омад?

Худо ҳаёти Писарашро ба батни духтари бокираи яҳудӣ — Марям гузаронд, то Исо дар замин чун инсон таваллуд шавад. Аз ин рӯ, Исо падари одамӣ надошт (Луқо 1:30–35). Исо ба замин омад, то ки 1) ҳақиқатро дар бораи Худо ба одамон таълим диҳад, 2) намунаи ибрат нишон диҳад, ки чӣ тавр иродаи Худоро, ҳатто дар вақтҳои мушкил иҷро кунем, 3) ҳаёти комилашро чун «фидия» бидиҳад. (Матто 20:28-ро хонед).

3. Барои чӣ мо ба фидия ниёз дорем?

Фидия ин маблағест, ки барои аз хатари марг озод кардани шахсе дода мешавад (Хуруҷ 21:29, 30). Марг ва пирӣ дар нияти аввалаи Худо набуданд. Инро мо аз куҷо медонем? Худо ба инсони аввалин — Одам гуфт, ки агар ӯ «гуноҳ» кунад, вай мемирад. Пас, агар Одам гуноҳ намекард, вай ҳеҷ гоҳ намемурд (Ҳастӣ 2:16, 17; 5:5). Мувофиқи Китоби Муқаддас, марг ба ҷаҳон бо воситаи Одам «дохил шуд». Ҳамин тавр, аз Одам ба ҳамаи наслҳояш гуноҳ ва ҷазои он — марг гузашт. Барои он ки мо аз марги аз Одам мерос гирифтаамон озод шавем, ба мо фидия лозим аст. (Румиён 5:12, 18-ро хонед).

Барои инсониятро аз марг озод кардан, кӣ фидия дода метавонист? Албатта на худи мо. Вақте ки мо мемирем, марги мо танҳо гуноҳҳои худамонро рӯпӯш мекунад. Ягон инсони нокомил бо марги худ гуноҳҳои дигаронро рӯпӯш карда наметавонад. (Забур 48:8–10-ро хонед).

4. Барои чӣ Исо мурд?

Азбаски Исо ба таври мӯъҷиза таваллуд шуд, вай мисли мо нокомил набуд. Вай инсони комил буд ва ягон гуноҳ содир накард. Аз ин рӯ, барои гуноҳҳояш ба вай мурдан лозим набуд. Марги ӯ барои гуноҳҳои дигарон буд. Худо ба инсоният муҳаббати хеле бузург зоҳир кард — Ӯ Писарашро фиристонд, то ки вай барои мо ҳаёташро диҳад. Исо низ бо он ки ба Падараш итоат кард ва ҳаёташро барои гуноҳҳои мо дод, ба мо муҳаббат зоҳир кард. (Юҳанно 3:16 ва Румиён 5:18, 19-ро хонед).

Видеонавори «Барои чӣ Исо мурд?»-ро тамошо кунед.

5. Исо ҳоло чӣ кор мекунад?

Вақте ки Исо дар замин буд, вай беморонро шифо мебахшид, мурдагонро зинда мекард ва одамонро аз азоб раҳо медод. Ҳамин тавр ӯ нишон дод, ки дар оянда барои тамоми инсонияти итоаткор кадом корҳоро мекунад (Матто 15:30, 31; Юҳанно 5:28). Баъди мурдани Исо, Худо вайро чун шахси рӯҳӣ ба ҳаёт баргардонд (1 Петрус 3:18). Сипас, Исо дар тарафи рости Худо нишаста интизор шуд, то даме ки Яҳува вайро подшоҳи тамоми замин таъин кунад (Ибриён 10:12, 13). Ҳоло Исо чун Подшоҳ дар осмон ҳукмронӣ мекунад ва пайравонаш ин хабари нағзро дар тамоми ҷаҳон эълон карда истодаанд. (Дониёл 7:13, 14 ва Матто 24:14-ро хонед).

Ба қарибӣ Исо чун Подшоҳ қувваи худро истифода бурда, тамоми ранҷу азоб ва ҳамаи шахсонеро, ки сабабгори онанд нест мекунад. Ҳамаи онҳое, ки ба Исо имон меоранд ва ба ӯ итоат мекунанд, аз зиндагӣ дар биҳишт дар рӯи замин ҳаловат хоҳанд бурд. (Забур 36:9–11-ро хонед).