Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мушкилии хонандаҳо

Мушкилии хонандаҳо

Комрон хавотиру ҳайрон аст. Муаллимааш навакак фаҳмонд, ки чӣ тавр Чарлз Дарвин ва назарияи эволютсияи ӯ инсониятро аз банди ҷаҳолату бесаводии динӣ халос кард ва барои пешрафти илм роҳ кушод. Акнун муаллима мехоҳад фикри хонандагонро дар ин бора фаҳмад.

Комрон дар миёни обу оташ аст. Волидонаш ба ӯ таълим дода буданд, ки замин ва тамоми ҷони зиндаро Худо офаридааст. Онҳо мегӯянд, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи офариниш сазовори бовариянду эволютсия (таҳаввулот) бошад, як таълими бедалелу бепоя аст. Ҳам муаллима ва ҳам волидони Комрон нияти хуб доранд. Вале ӯ ба кадомашон бовар кунад?

Чунин воқеаҳо ҳар сол дар тамоми ҷаҳон, дар ҳазорон синфхонаҳо, рӯй медиҳанд. Дар чунин мавридҳо талабагон чӣ тавр амал кунанд? Барои қарори дурусту мантиқӣ кардан онҳо бояд бо далелҳои ҳар ду ақида шинос шуда, хулоса кунанд, ки ба эволютсия бовар мекунанд ё ба офариниш.

Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки кӯр-кӯрона ба сухани дигарон бовар накунем. Дар он гуфта мешавад: «Сода ба ҳар гап бовар мекунад, аммо ҳушёр дониста қадам мемонад» (Панднома 14:15). Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, ки «оқилона» амал кунем ва ақламонро кор фармуда бисанҷем, ки он чӣ таълим гирифтаем, рост аст ё не (Румиён 12:1, 2).

Баъзе гурӯҳҳои динӣ талош доранд, ки дар мактабҳо дар бораи офариниш таълим дода шавад, вале мақсади ин китобча дигар аст. Мо мехоҳем тамоми далелҳоро санҷида, бубинем, ки оё гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи офариниш ростанд ё ки ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст.

Дар ин китобча диққати асосӣ ба ҳуҷайра равона карда мешавад, чунки он воҳиди асосиест, ки тамоми мавҷудоти зинда аз он таркиб ёфтааст. Шумо бо баъзе хусусиятҳои аҷоиби сохти ҳуҷайра шинос мешавед ва тахминҳоеро, ки назарияи эволютсия бар он асос меёбад, таҳлил карда метавонед.

Дер ё зуд ҳар яки мо бояд ба ин савол диққати ҷиддӣ диҳем: оё ҳаёт офарида шуд ё он дар натиҷаи эволютсия ба вуҷуд омад? Эҳтимол, шумо дар ин мавзуъ бисёр андеша кардаед. Далелҳое, ки дар ин китобча оварда шудаанд, бисёри одамонро бовар бахшидаанд, ки ҳаёт офарида шудааст.