Гузаштан ба маводи асосӣ

Тарҷумае, ки дар Эстония «дастоварди бузург» ҳисобида шуд

Тарҷумае, ки дар Эстония «дастоварди бузург» ҳисобида шуд

Соли 2014 дар Эстония «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» барои гирифтани ҷоизаи корномаи сол дар соҳаи забон пешниҳод карда шуд. Аз 18 китоби пешкашшуда ин тарҷума дар овоздиҳии ниҳоӣ ҷои сеюмро ишғол кард.

Ин «Тарҷумаи дунёи нав», ки 8-уми августи 2014 ба чоп баромад, аз тарафи забоншиноси институти забонҳо (Эстония) Кристиин Росс барои гирифтани ҷоиза пешниҳод карда шуд. Ӯ мегӯяд: «“Тарҷумаи дунёи нав” барои хондан осонфаҳм ва дилписанд аст. Чунин тарҷума соҳаи тарҷумонии забони эстониро бой гардонд». Рейн Вейдеманн, профессори адабиёт ва фарҳанги эстонӣ тарҷумаи навро «дастоварди бузург» номид.

Аввалин тарҷумаи пурраи Китоби Муқаддас ба забони эстонӣ соли 1739 нашр шудааст, аз он вақт инҷониб тарҷумаҳои дигари он баромадааст. Чаро Тарҷумаи дунёи нав «дастоварди бузург» дониста шуд?

Аниқ. Дар тарҷумаи машҳури Китоби Муқаддас ба забони эстонӣ, ки соли 1988 баромадааст, дар Навиштаҳои Ибронӣ (Аҳди Қадим) номи Худо «Jehoova» (Яҳува) беш аз 6800 маротиба вомехӯрад *. Дар «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони эстонӣ, номи Худо бо ҳамин миқдор ва аз ин ҳам зиёдтар барқарор шудааст. Илова бар ин бо сабаби асоснок дар Тарҷумаи дунёи нави Навиштаҳои Юнонӣ (Аҳди Ҷадид) ҳам номи Худо истифода бурда шуд.

Фаҳмо. Албатта, «Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забони эстонӣ аниқу осонфаҳм кардан осон набуд. Дар ин бора тарҷумони машҳури Китоби Муқаддас Тоомас Паул дар газетаи «Ээсти Кирик» фикрашро баён карда гуфт, ки ба тарҷумонҳо «бори аввал муяссар шуд, ки ба мақсади худ бирасанд», бо шарофати «Тарҷумаи дунёи нав» ҳоло Китоби Муқаддас дар Эстония «бо забони фаҳмо дастрас аст».

Дар анҷуман аз «Тарҷумаи дунёи нав» ба забони эстонӣ истифода бурда истодаанд

Нашри «Тарҷумаи дунёи нав» барои эстониҳо фаромӯшнашаванда буд. Як радиостансияи миллӣ барномаеро бахшида ба нашри тарҷумаи нави Китоби Муқаддас пахш кард, ки он аз 40 дақиқа иборат буд. Рӯҳониёни калисоҳо аз Шоҳидони Яҳува хоҳиш карданд, ки ба онҳо ин китобро диҳанд. Дар шаҳри Таллин яке аз мактабҳои бонуфуз 20 адад нусхаи «Тарҷумаи дунёи нав»-ро бо мақсади дар дарсҳо истифода бурдан, дархост кард. Эстониҳо хонданро дӯст медоранд. Шоҳидони Яҳува бошанд, хеле шоданд, ки китоби беҳтарини ҷаҳон ҳоло бо забони эстонӣ ба таври аниқу фаҳмо дастрас аст.

^ сарх. 5 Муаллими кафедраи Аҳди Ҷадид, (Донишгоҳи Тарту) Айн Риистан мақолае навишт, ки дар он гуфта шудааст, ки чӣ тавр номи Худо «Ехоова» (Jehoova) дар байни эстониҳо пайдо шуд. Дар охири мақолааш ӯ чунин хулоса кард: «Ба фикрам истифода бурдани шакли номи “Ехоова” дар замони мо сад дар сад мувофиқ аст. Нигоҳ накарда ба он ки нисбати пайдоиши он баҳсу мунозираҳо идома дорад... барои аҷдодони гузашта он маънои чуқур дошт: “Ехоова” — ин номи Худо мебошад, ки Писари худро барои кафорати гуноҳи одамизод дод».