Гузаштан ба маводи асосӣ

Рӯзи дарҳои кушода дар Зелтерс

Рӯзи дарҳои кушода дар Зелтерс

Дар тамоми дунё 15 филиали чопии Шоҳидони Яҳува фаъолият мекунад. Яке аз онҳо филиали Аврупои Марказӣ мебошад. Филиал дар Зелтерс (Олмон) дар минтақаи машҳури Штайнфелс, ки маънояш бо забони олмонӣ «кӯҳпораи сангин» мебошад, ҷойгир аст.

Аз 23 то 25-уми майи соли 2014 дар филиали Аврупои Марказӣ рӯзи дарҳои кушода эълон карда шуд. Ба ин чорабинӣ одамони гирду атроф, ҳукуматдорон ва соҳибкорон даъват шуданд. Чорабинӣ «30-солагии Зелтерс» ном дошт. Зеро маросими кушодашавии ин бино 30 сол пеш, 21 апрели соли 1984 баргузор гардида буд.

Дар давоми се рӯз беш аз 3000 меҳмонон бо биноҳои филиал шинос шуданд. Раиси шаҳр, ки 30 сол боз дар мақомоти давлатӣ кор мекунад, чунин гуфт: «Меҳмонӣ рафтан ба филиали Шоҳидони Яҳува ҳамеша чун ид аст. Ман то ҳол ҳайронам, ки чӣ хел шумо соли 1979 сохтмони онро сар карда, дар як муддати кӯтоҳ, соли 1984 тамом кардед».

Рӯзи дарҳои кушода ва лаҳзаҳои хотирмони он

Намоишгоҳи «Халқи Худо дар Аврупои Марказӣ» меҳмононро бо таърихи 120-солаи Шоҳидони маҳаллӣ шинос кард. Ҳоло он намоишгоҳи таърихӣ доимӣ гаштааст.

Дар намоишгоҳи дигар тарҷумаҳои камёфту муҳими Китоби Муқаддас ба тамошо бароварда шуд, ки дар байни онҳо тарҷумаҳои зерин низ буданд: яке аз аввалин тарҷумаҳои пурраи Китоби Муқаддас ба забони олмонӣ (соли нашраш 1534) ва қисми Китоби Муқаддаси Элиас Хуттер бо 12 забон (соли нашраш 1599 ки он чун забондони Нюрберӣ машҳур аст). Ғайр аз ин стендҳои гуногун ва намоишҳои видеоӣ муҳимияти бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддасро дар рӯзҳои мо таъкид карданд.

Барои меҳмонон ҳамчунин ду саёҳати мустақилона ташкил карда шуд, ки дар он бо ҳаёти ҳаррӯзаи беш аз ҳазор мардону заноне, ки дар филиал зиндагӣ ва кор мекунанд, шинос шуданд. Саёҳати аввал ки «Зиндагии мо» ном дошт, ба меҳмонон имкон дод, ки хонаҳои истиқоматиро бубинанд, дар ошхона хӯрок хӯранд ва дар хиёбон сайругашт кунанд. Ба гуфти як меҳмон хиёбон беҳад хушрӯ буд.

Саёҳати дуюм, ки «Истеҳсоли маводи чопӣ» ном дошт, меҳмононро бо дастгоҳҳои чопӣ, кори муқовабандӣ ва фиристодани маводҳои чопӣ шинос кард. Меҳмонон бо чашмони худ диданд, ки чӣ хел адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта чоп ва муқовабандӣ гардида ба беш аз 50 давлати ҷаҳон фиристода мешавад. Марде чунин гуфт: «Ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки Шоҳидони Яҳува ин ташкилоти байналхалқӣ аст. Адабиёти онҳо тамоми гӯшаи дунёро фаро гирифтааст ва ҳамаи ин корро ихтиёриён ба анҷом мерасонанд. Ин мӯъҷиза аст!»

Меҳмонон стенди намоиширо, ки ба сайти jw.org бахшида шуда аст, тамошо доранд

Хусусан диққати меҳмононро стенди намоишие, ки ба сайти Шоҳидони Яҳува бахшида шуда буд, ҷалб кард. Пирону ҷавонон бо сайтамон шинос шуданд ва филмҳои гуногунро тамошо карда ба саволҳои зиёди худ ҷавоб гирифтанд.

Бо кори умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува шинос шуда, меҳмонон аз миқёси фаъолияти онҳо ба тааҷҷуб омада, меҳнаташонро бебаҳо донистанд. Дар ин бора марде чунин гуфт: «Ман пештар дар ҳаққи Шоҳидони Яҳува тамоман фикри нодуруст доштам. Акнун ман бояд муносибатамро нисбати онҳо дигар кунам». Зане такрору ба такрор мегуфт: «Ин рӯз тамоми фикрҳои нодурустро дар ҳаққи Шоҳидони Яҳува бартараф кард».

^ сарх. 17 Мувофиқи маълумоти соли 2014

^ сарх. 21 Мувофиқи маълумоти соли 2014

^ сарх. 24 Мувофиқи маълумоти соли 2014