Гузаштан ба маводи асосӣ

Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува чӣ гуна ҳайат аст?

Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува чӣ гуна ҳайат аст?

 Ҳайати роҳбарикунанда ин гурӯҳи хурди масеҳиёни рӯҳан баркамол мебошад, ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар тамоми дунё роҳбарӣ мекунад. Кори онҳо ду чизро дар бар мегирад:

 Ҳайати роҳбарикунанда ба намунаи «расулону пирон»-е, ки дар ҷамоати асри як қарорҳои муҳимро мебароварданд, пайравӣ мекунанд (Корнома 15:2). Мисли он мардони содиқ, аъзои Ҳайати роҳбарикунанда сардорони ташкилоти мо нестанд. Онҳо аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ меҷӯянд ва эътироф мекунанд, ки Яҳува Исои Масеҳро Сарвари ҷамоат таъйин кардааст (1 Қӯринтиён 11:3; Эфсӯсиён 5:23).

Киҳо ба аъзои Ҳайати роҳбарикунанда дохил мешаванд?

 Ба Ҳайати роҳбарикунанда шахсони зерин дохил мешаванд: Кеннет Кук, Гейҷ Флигл, Сэмюэл Хёрд, Ҷефри Ҷексон, Стивен Летт, Геррит Лёш, Марк Сандерсон, Дейвид Сплейн ва Ҷефри Уиндер. Онҳо дар Идораи марказӣ дар Уорвик (Ню-Йорк, ИМА) хизмат мекунанд.

Ҳайати роҳбарикунанда чӣ тавр фаъолият мекунад?

 Ҳайати роҳбарикунанда барои назорат кардани фаъолияти мо шаш кумитаро ташкил додааст. Ҳар як узви Ҳайати роҳбарикунанда дар як ё якчанд кумита хизмат мекунад.

  •   Кумитаи координаторон корҳои юридикӣ, кумак ҳангоми офатҳои табиӣ, озору зиддиятҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодаеро, ки Шоҳидони Яҳува бо он рӯ ба рӯ мешаванд, назорат мекунад.

  •   Кумитаи кадрҳо дар бораи тамоми байтилчиён ғам мехӯрад.

  •   Кумитаи нашри адабиёт нашр ва дастрас кардани адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро, инчунин сохтмони офисҳои тарҷумонӣ, филиалҳо ва биноҳое, ки дар он вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува мегузаранд, назорат мекунад.

  •   Кумитаи хизматӣ кори паҳн кардани хушхабари Подшоҳиро назорат мекунад (Матто 24:14).

  •   Кумитаи таълимӣ барои тайёр кардани барномаи таълимии бар Китоби Муқаддас асосёфтаро, ки дар вохӯриҳои ҷамоат, мактабҳо ва инчунин ба воситаи видео ва аудио пешкаш мегардад, ҷавобгар аст.

  •   Кумитаи нависандагӣ барои тайёр кардани ғизои рӯҳонӣ дар намуди чопиву электронӣ ва барои ташкил кардани кори тарҷумонон ҷавобгар аст.

 Ғайр аз коре, ки онҳо дар ин кумитаҳо мекунанд, Ҳайати роҳбарикунанда ҳар ҳафта вохӯрда, ниёзҳои ташкилотро дида мебарояд. Онҳо дар ин вохӯриҳо мувофиқи роҳнамоии рӯҳи муқаддас амал намуда, он чиро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дида мебароянд ва дар ягонагӣ қарор қабул мекунанд (Корнома 15:25).

Ба ёрдамчиёни Ҳайати роҳбарикунанда киҳо дохил мешаванд?

 Ба ин ёрдамчиён масеҳиёне дохил мешаванд, ки сазовори боварианд ва дар кори кумитаҳои Ҳайати роҳбарикунанда ёрӣ мерасонанд (1 Қӯринтиён 4:2). Онҳо барои иҷро кардани кор дар кумитае, ки таъйин шудаанд, таҷрибаву қобилият доранд ва дар вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи ин кумитаҳо иштирок менамоянд. Ёрдамчиёни Ҳайати роҳбарикунанда дар қабул кардани қарор иштирок накунанд ҳам, онҳо маслиҳатҳои пурарзиш ва маълумоти иловагиро пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин онҳо қарорҳои кумитаҳоро иҷро намуда натиҷаҳои онро назорат мекунанд. Ғайр аз ин, онҳо мувофиқи дастуроти Ҳайати роҳбарикунанда бародарону хоҳаронро дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон хабар мегиранд ва дар чорабиниҳо ба мисли вохӯрии солона ва хатми мактаби Ҷилъод бо нутқ баромад мекунанд.

РӮЙХАТИ ЁРДАМЧИЁН

Кумита

Ному насаб

Кумитаи координаторон

  • Ҷон Экранн

  • Пол Гиллис

  • Трой Снайдер

Кумитаи кадрҳо

  • Ҷералд Гризл

  • Патрик Лафранка

  • Данел Молчан

  • Марк Скот

  • Ралф Уоллс

Кумитаи нашри адабиёт

  • Роберт Батлер

  • Ҳаролд Коркерн

  • Гаюс Глоккентин

  • Доналд Гордон

  • Роберт Луччони

  • Алекс Райнмюллер

  • Дейвид Синклер

Кумитаи хизматӣ

  • Гэри Бро

  • Ҷоэл Делингер

  • Бетти Ҷорҷ

  • Антони Гриффин

  • Сет Ҳайатт

  • Ҷоди Ҷедел

  • Кристофер Мейвор

  • Балтасар Перла

  • Ҷейкоб Рамф

  • Ҷонатан Смит

  • Уиллям Тёрнер

  • Лион Уивер

Кумитаи таълимӣ

  • Майкл Бэнкс

  • Роналд Кёрзан

  • Кеннет Флодин

  • Уиллям Маленфант

  • Марк Нумар

  • Дейвид Шейфер

Кумитаи нависандагӣ

  • Николас Аладис

  • Пер Кристенсен

  • Роберт Сиранко

  • Кеннет Годберн

  • Ҷеймс Манс

  • Исак Марей

  • Клайв Мартин

  • Ленард Майерз

  • Ҷин Смолли

  • Херманус ван Селм