Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё дар дини Шоҳиди Яҳува занҳо ҳам дар бораи Худо бо одамон сӯҳбат мекунанд?

Оё дар дини Шоҳиди Яҳува занҳо ҳам дар бораи Худо бо одамон сӯҳбат мекунанд?

Бале, ҳамаи Шоҳидони Яҳува аз он ҷумла миллионҳо занон дар бораи Худо сӯҳбат мекунанд, яъне мавъиза менамоянд. Ин дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд: «Мубашширзанон [занони мавъизагар] анбӯҳи азиманд» (Забур 68:11).

Занҳое ки Шоҳиди Яҳува ҳастанд ба занони дар Китоби Муқаддас навишта шуда пайравӣ мекунанд (Масалҳо 31:10–31). Онҳо дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда намегиранд, аммо дар кори мавъиза фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамчунин ин занон ба фарзандони худ принсипҳои Китоби Муқаддасро таълим медиҳанд (Масалҳо 1:8). Он заноне ки Шоҳиди Яҳува ҳастанд, саъю кӯшиш мекунанд, ки ба дигарон ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор намунаи хуб бошанд (Титус 2:3–5).