Гузаштан ба маводи асосӣ

Намуди зоҳирии Шайтон чӣ гуна аст?

Намуди зоҳирии Шайтон чӣ гуна аст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Шайтон офаридаи рӯҳӣ аст, бинобар ин вай ноаён аст (Эфсӯсиён 6:11, 12).

Одатан Шайтонро тавре тасвир мекунанд, ки гӯё намуди зоҳирии ӯ ба бузи шохдор монанд буда, дум дораду дар дасташ сешоха аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки аввалин бор рассомони асрҳои миёна зери таъсири фолклор ва мифологияи қадим Шайтонро чунин тасвир кардаанд.

 Китоби Муқаддас Шайтонро чӣ тавр тасвир мекунад?

Дар Китоби Муқаддас Шайтон ҳар хел тасвир шудааст. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар бораи намуди зоҳирии Шайтон неву оиди шахсияти ӯ фаҳмем. Дар Каломи Худо Шайтон бо чизҳои зерин муқоиса карда шудааст:

  • Фариштаи нур. Шайтон вонамуд мекунад, ки ба одамизод хубӣ карданӣ аст, ҳол он ки вай мехоҳад мо ба Худо неву ба таълимоти ӯ пайравӣ кунем (2 Қӯринтиён 11:14).

  • Шери ғуррон. Ӯ бераҳмона ба хизматгорони Худо ҳамла мекунад (1 Петрус 5:8).

  • Аждаҳои бузург. Ӯ бадвоҳима ва пурқудрат буда, зараровар аст (Ваҳй 12:9).