Гузаштан ба маводи асосӣ

Тӯфони замони Нӯҳ. Саргузашти ҳақиқӣ ё афсона?

Тӯфони замони Нӯҳ. Саргузашти ҳақиқӣ ё афсона?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Тӯфон дар ҳақиқат рӯй дода буд. Худо ба воситаи он одамони бадро нест кард, вале барои наҷот додани одамони нағз ва ҳайвонот, Ӯ ба Нӯҳ амр дод, ки киштӣ созад (Ҳастӣ 6:11–20). Шубҳае нест, ки тӯфон рӯй дода буд, зеро дар бораи он дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта шудааст, ки «аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд» (2 Тимотиюс 3:16).

 Саргузашти ҳақиқӣ ё бофта?

 Мувофиқи Китоби Муқаддас Нӯҳ дар асл зиндагӣ мекард ва Тӯфон низ афсона неву дар ҳақиқат рӯй дода буд.

  •   Нависандагони Китоби Муқаддас ба шахси воқеӣ будани Нӯҳ боварӣ доштанд. Масалан, нависандагони Китоби Муқаддас, Эзро ва Луқо, ки таърихшиносони хуб буданд, номи Нӯҳро ба насабномаи халқи Исроил дароварданд (1 Вақоеънома 1:4; Луқо 3:36). Матто ва Луқо суханони Исоро дар бораи Нӯҳ ва Тӯфон навиштанд (Матто 24:37–39; Луқо 17:26, 27).

     Ҳамчунин пайғамбар Ҳизқиёл ва Павлуси расул ба Нӯҳ чун намунаи имон ва росткорӣ ишора карданд (Ҳизқиёл 14:14, 20; Ибриён 11:7). Агар Нӯҳ шахси воқеӣ намебуд, магар ин нависандагон ӯро барои мо намуна мегузоштанд? Нӯҳ ва дигар мардону занони содиқ барои мо намуна шуда метавонанд, чунки дар ҳақиқат зиндагӣ мекарданд (Ибриён 12:1; Яъқуб 5:17).

  •   Дар Китоби Муқаддас оиди Тӯфон ба тафсил навишта шудааст. Саргузашт дар бораи Тӯфон бо суханони «Буд, набуд», ки ба афсонаҳо хос аст, сар намешавад. Дар Китоби Муқаддас сол, моҳ ва рӯзи воқеаҳое, ки бо Тӯфон алоқаманданд, навишта шудааст (Ҳастӣ 7:11; 8:4, 13, 14). Ғайр аз ин, дар он оиди ҳаҷму андозаи киштии Нӯҳ гуфта шудааст (Ҳастӣ 6:15). Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки Китоби Муқаддас Тӯфонро чун саргузашти ҳақиқӣ тасвир мекунад.

 Чаро Тӯфон рӯй дод?

 Мувофиқи Китоби Муқаддас пеш аз Тӯфон «бадкирдории одамизод дар замин бисёр» шуд (Ҳастӣ 6:15). Ҳамчунин дар он гуфта шудааст, ки он вақт замин аз бадахлоқиву зӯроварӣ пур шуда «пеши Худо фосид шуд» (Ҳастӣ 6:11; Яҳудо 6, 7).

 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки сабабгори асосии ба миён омадани чунин вазъият фариштагони баде мебошанд, ки аз осмон фаромада бо занон алоқаи ҷинсӣ карданд. Аз ин фариштаҳо бузургҷуссагоне таваллуд шуданд, ки зӯроварӣ карда одамонро бисёр азоб медоданд (Ҳастӣ 6:1, 2, 4). Барои ҳамин Худо қарор кард, ки заминро аз одамони бад тоза карда ба одамони нек имкон медиҳад, ки дар замини пок зиндагӣ кунанд (Ҳастӣ 6:6, 7, 17).

 Оё одамон дар бораи омадани Тӯфон медонистанд?

 Бале. Худо нияташро ба Нӯҳ ошкор карда гуфт, ки барои наҷот ёфтани оилааш ва ҳайвонҳо киштӣ созад (Ҳастӣ 6:13, 14; 7:1–4). Нӯҳ одамонро огоҳ мекард, ки ба наздикӣ Тӯфон мешавад, лекин онҳо ба гапаш аҳамият намедоданд (2 Петрус 2:5). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки онҳо «то вақти омада, ҳамаро несту нобуд кардани Тӯфон чизе намефаҳмиданд» (Матто 24:37–39).

 Киштии Нӯҳ чӣ гуна буд?

 Ин киштӣ ба қуттии росткунҷае монанд буд, ки дарозиаш тахминан 133 метр, бараш 22 метр ва баландиаш 13 метро ташкил медод a. Киштии Нӯҳ аз дарахти шилмдоре сохта шуда, дар даруну берунаш қатрон молида шуда буд. Он аз се ошёна ё қабат иборат буда, якчанд ҳуҷра дошт ва дари он аз паҳлӯяш буд. Аз афташ, тирезаи киштӣ дар баландӣ дар поёнтари бом сохта шуда буд. Бомаш бошад, тавре сохта шуда буд, ки дар он об ҷамъ нашавад (Ҳастӣ 6:14–16).

 Нӯҳ дар давоми чанд сол киштиро сохт?

 Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дар давоми чанд сол Нӯҳ киштиро сохт. Лекин аз афташ барои сохтани он даҳсолаҳо сарф шуд. Вақте писари якуми Нӯҳ ба дунё омад, синну соли ӯ аз 500 боло буд. Вақте, ки Тӯфон сар шуд, Нӯҳ 600 сола буд b (Ҳастӣ 5:32; 7:6).

 Вақте Худо ба Нӯҳ амр дод, ки киштӣ созад, писарони ӯ аллакай ба воя расида, оиладор шуда буданд ва барои ин 50 ё 60 сол лозим буда метавонист (Ҳастӣ 6:14, 18). Аз ин рӯ, хулоса кардан мумкин аст, ки барои сохтани киштӣ 40 ё 50 сол сарф шуд.

a Дар Китоби Муқаддас андозаи киштӣ дар намуди зироъ оварда шудааст. «Зироъи ибронӣ ба 44,45 см баробар буд» («The Illustrated Bible Dictionary», нашри азнавдидабаромадашуда, қисми 3, саҳ. 1635).

b Дар бораи дарозии умри одамоне, ки дар замони Нӯҳ зиндагӣ мекарданд, аз мақолаи «Оё дар ҳақиқат умри одамони замони пеш ин қадар дароз буд?» маълумот гиред, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1 декабри 2010 оварда шудааст.