Гузаштан ба маводи асосӣ

Китоби Муқаддас дар бораи бе издивоҷ зиндагӣ кардани марду зан чӣ мегӯяд?

Китоби Муқаддас дар бораи бе издивоҷ зиндагӣ кардани марду зан чӣ мегӯяд?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо намехоҳад, ки одамон ба «бадахлоқии ҷинсӣ» даст зананд (1 Таслӯникиён 4:3). Дар Каломи Худо «бадахлоқии ҷинсӣ» гуфта зино, ҳамҷинсбозӣ ва алоқаи ҷинсӣ байни марду зане, ки дар издивоҷ нестанд, дар назар дошта шудааст.

 Чаро барои Худо издивоҷ муҳим аст?

  • Издивоҷ аз тарафи Худо мебошад. Вақте Худо аввалин ҷуфти инсонро офарид, асосгузори оила гашт (Ҳастӣ 2:22–24). Барои ҳамин хости Худо буд, ки марду зан дар издивоҷ зиндагӣ кунанд.

  • Худо беҳтар медонад, ки чӣ бар манфиати мост. Худо барои он издивоҷро барпо кард, ки марду зан як умр бо ҳам зиндагӣ кунанд. Ин бар манфиати аҳли оила буда, онҳоро муҳофизат мекунад. Мисоле меорем. Масалан, истеҳсолкунанда барои дуруст часпондани мебел дастурот медиҳад. Ба ин монанд, дастуроти Худованд кӯмак мекунад, ки муносибати аъзои оила наздик бошад. Агар одам аз рӯи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунад, фоидаашро мебинад (Ишаъё 48:17, 18).

    Истеҳсолкунанда барои дуруст часпондани мебел дастурот медиҳад. Ба ин монанд дастуроти Худованд кӯмак мекунад, ки оилаи хуб бунёд кунӣ.

  • Алоқаи ҷинсӣ берун аз издивоҷ оқибати талх дорад. Масалан он метавонад боиси ҳомиладорӣ, бемориҳои сироятӣ ва ранҷу азобҳои равонӣ гардад.

  • Худо ба одамизод қобилият додааст, ки фарзанд ба дунё биёрад. Ҳаёт дар назари Худо муқаддас аст. Қобилияти ба дунё овардани фарзанд ин атои бебаҳои Офаридгор аст. Ӯ мехоҳад, ки мо нисбати издивоҷ эҳтиром зоҳир карда, ин атои бебаҳоро қадр кунем (Ибриён 13:4).

 Оё барои якдигарро хуб шинохтан, пеш аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ кардан мумкин аст?

Барои издивоҷи хуб бунёд кардан, шарт нест, ки муддате бе ягон масъулият бо ҳам зиндагӣ кунӣ. Баръакс пайванди издивоҷ ҳамон вақт мустаҳкам мегардад, ки агар ҷуфт ба якдигар вафодор бошад ва барои бартараф кардани проблемаҳои зиндагӣ ҳамкорӣ кунад a. Ҳамин тавр, дар издивоҷ садоқатмандии ҳамсарон қавитар мегардад (Матто 19:6).

 Чӣ тавр ҳамсарон пайванди издивоҷашонро қавӣ гардонда метавонанд?

Ягон издивоҷ бекамбудӣ намешавад. Вале, агар ҳамсарон маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор баранд, издивоҷашон муваффақ мегардад. Баъзе аз маслиҳатҳо:

a Ба брошураи зерин нигаред: «Оилаи шумо хушбахт буда метавонад», Қисми 2: «Ба якдигар вафодор бошед»