Гузаштан ба маводи асосӣ

КӮМАК БА ОИЛАҲО

Агар кӯдакатон зиқ бошад

Агар кӯдакатон зиқ бошад

 Фарзанди шумо дар хона бекор нишаста мегӯяд: «Ман зиқ шудам!» Пеш аз гуфтани он ки телевизор мон ё бо бозии компютерӣ машғул шав, маслиҳатҳои ин мақоларо ба ёд оред.

Нуқтаи назари баъзе волидон оиди зиқ шудани фарзанд

  •   Намуди вақтхушӣ ва зиёд будани онҳо метавонад вазъиятро аз будаш бадтар кунад. Роберт ном падар чунин мегӯяд: «Барои баъзе кӯдакон ҳаёти ҳаррӯза назар ба тамошои телевизор ва бозиҳои компютерӣ дилгиркунанда метобад ва корҳои одӣ барои онҳо шавқовар нестанд».

     Зани ӯ Барбара бо суханонаш розӣ шуда мегӯяд: «Дар зиндагии ҳаррӯза мо бояд фикр кунем ва кӯшиш намоем, аммо натиҷаи корҳоямон дарҳол маълум намешавад. Барои ҳамин ба кӯдаконе, ки бисёртар телевизор тамошо мекунанду бо бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд, ҳамаи ин дилгиркунанда метобад».

  •   Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёртар вақт гузарондан таъсири манфӣ расонда метавонад. Вақте наврасон мебинанд, ки дӯстонашон чӣ хел вақт гузаронда истодаанд, ҳаёти худашон хушку холӣ метобад. Духтаре бо номи Бет чунин мегӯяд: «Хоҳу нохоҳ ту фикр мекунӣ: “Ҳама дар гирду атроф хурсандӣ мекунанд, ман бошам дар хона танҳо нишаста аз зиқӣ мекафам”».

     Ғайр аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ пеши роҳи зиқии шахсро гирифта наметавонад. Соатҳое, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад, сарфи беҳудаи вақт мегардад. Ҷавоне бо номи Крис чунин мегӯяд: «Ту соатҳои зиёдро сарф мекунӣ, монда мешавӣ, вале ҳамааш бефоида».

  •   Зиқӣ имконияти хуб дода метавонад. Модаре бо номи Кэтрин мегӯяд, ки зиқӣ ба кӯдакон имконият медиҳад, то қобилиятҳои худро ошкор кунанд. Ӯ суханонашро фаҳмонда гуфт: «Қуттии одӣ ба мошини вақт, киштӣ, мошини тезрав ё киштии кайҳонӣ табдил меёбад ва кампале, ки дар рӯйи миз партофта шудааст, ба хайма».

     Мувофиқи суханони рӯҳшинос Шерри Тёркл зиқӣ сабаб мегардад, ки чизе ихтироъ кунӣ *. Аз ин бармеояд, ки он ҳамавақт бад буда наметавонад. Дар як китоб чунин гуфта шудааст: «Ҳангоми вазнбардорӣ мушакҳои бадан боқувват мешаванд. Ба ин монанд вақте шумо зиқ мешаведу тасаввуротатонро ба кор мебаред, қобилияти бештар пайдо мекунед» («Disconnected»).

 Хулоса. Вақте фарзандатон зиқ мешавад, ба ин чун ба мушкилӣ нигоҳ накунед, баръакс, инро ҳамчун имконият ба кор бурда қобилияти онҳоро инкишоф диҳед.

Вақте фарзандатон зиқ аст, шумо чӣ кор карда метавонед

  •   Агар имконият бошад, фарзандатонро барои бозӣ ба берун фиристед. Барбара, ки суханонашро дар боло оварда будем, мегӯяд: «Аҷоиб, ки нури офтоб ва ҳавои тоза зиқиро тез аз байн мебарад. Ҳамин ки кӯдаконамон барои бозӣ ба кӯча мебароянд, тасаввуроташон ба кор медарояд ва онҳо ҳар хел бозиҳо фикр карда мебароранду худашонро бо он банд мекунанд».

     Принсипи Китоби Муқаддас: «Барои ҳар чиз замоне ҳаст... вақте барои хандидан... ва вақте барои рақсидан» (Воиз 3:1, 4).

     Дар ин бора фикр кунед. Шумо чӣ кор карда метавонед, то ки фарзандонатон бисёртар дар ҳавои тоза бошанд? Агар имконияти дар берун бозӣ кардан набошад, кадом супоришҳои шавқоварро шумо дар хона барои онҳо ташкил дода метавонед?

  •   Ба фарзандатон ёд диҳед, ки дар бораи дигарон фикр кунад. Модаре бо номи Лилиан аз таҷрибаи худ мегӯяд: «Фарзандонатон метавонанд, алафи боғи пиронсолонро дараванд, баргҳояшро ҷамъ кунанд, барои онҳо ягон чизи бомазза пазанд ё даромада онҳоро хабар гиранд. Барои дигарон ин корҳои хурдро кардан хурсандии зиёд меорад».

     Принсипи Китоби Муқаддас: «Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад» (Масалҳо 11:25).

     Дар ин бора фикр кунед. Чӣ тавр ба фарзандатон ёрдам дода метавонед, то аз кӯмак ба дигарон хурсандӣ гирад?

  •   Барои фарзандатон намуна бошед. Фаромӯш накунед, ки чизе ки шумо дар бораи корҳои ҳаррӯзаатон мегӯед, ба фарзандатон таъсир мерасонад. Модаре бо номи Сара мегӯяд: «Агар мо доимо аз ҳаёт шикоят кунем, фарзандонамон низ ҳамин хел мекунанд. Лекин агар ба ҳама чиз дуруст нигоҳ карда, корҳои ҳаррӯзаамонро бо хурсандӣ иҷро кунем, фарзандонамон низ инро ёд мегиранд».

     Принсипи Китоби Муқаддас: «Дилхушро ҳамеша базм аст» (Масалҳо 15:15).

     Дар ин бора фикр кунед. Шумо дар бораи корҳои ҳаррӯзаатон чӣ мегӯед? Вақте шумо зиқ мешавед, чӣ кор мекунед?

 Маслиҳат. Ба кӯдакатон кӯмак кунед, ки тасаввуроташро ба кор бурда корҳои шавқовареро, ки бо он машғул шудан мехоҳад, рӯйхат кунад. Модаре бо номи Элисон мегӯяд: «Дар оилаи мо қуттие ҳаст, ки ҳама фикру пешниҳодҳои худро навишта ба он партофта метавонад».

^ Аз китоби «Бозгашт ба сӯҳбатҳо» («Reclaiming Conversation»)