Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

alfa27/stock.adobe.com

МАЪРАКАИ ДАЪВАТКУНӢ

Ҳазрати Исо ба ҷиноят хотима мебахшад

Ҳазрати Исо ба ҷиноят хотима мебахшад

 Ҳазрати Исо медонад, ки аз ҷинояту беадолатӣ азоб кашидан чӣ маъно дорад. Худи ӯро бардурӯғ айбдору ноҳақ лату кӯб карданд, беадолатона ҳукм бароварда, бе сабаб ба марг маҳкум намуданд ва оқибат азобу шиканҷа дода, куштанд. Ҳарчанд ӯ гуноҳе надошт, бо омодагӣ ва беғаразона «ҷонашро барои бисёр касон фидо» намуд (Матто 20:28; Юҳанно 15:13). Ҳозир Исо шоҳи Подшоҳии Худо аст ва ба қарибӣ дар тамоми дунё адолатро барқарор намуда, ба решаи ҷиноят теша мезанад (Ишаъё 42:3).

 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки вақте Исо ба амал шурӯъ мекунад, замин чӣ гуна мешавад:

  •   Аммо нармдилон соҳиби замин мешаванд ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (Забур 37:10, 11).

 Чӣ тавр миннатдориамонро барои тамоми корҳое, ки ҳазрати Исо бароямон кард ва дар оянда мекунад, нишон дода метавонем? Дар Луқо 22:19 пайғамбар Исо ба шогирдонаш амр дод, ки рӯзи марги ӯро ба ёд оранд. Барои ҳамин мо, Шоҳидони Яҳува, ҳар сол ёдбуди ҳазрати Исоро ҷашн мегирем ва шуморо низ даъват мекунем, ки рӯзи якшанбе, 24 марти соли 2024 ҳамроҳи мо дар ин чорабинии муҳим иштирок намоед.

Ҷойи Шоми ёдбуд