Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

AspctStyle/stock.adobe.com

МАЪРАКАИ ДАЪВАТКУНӢ

Ҳазрати Исо ба ҷанг хотима мебахшад

Ҳазрати Исо ба ҷанг хотима мебахшад

 Ҳазрати Исо ҳангоми дар замин буданаш ба одамон меҳру муҳаббати зиёд нишон медод. Ӯ аз муҳаббат ҳатто одамонро зинда мекард (Матто 20:28; Юҳанно 15:13). Ба наздикӣ Исо бори дигар исбот мекунад, ки одамонро дӯст медорад ва ҳамчун шоҳи Подшоҳии Худо «ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9).

 Диққат диҳед, Китоби Муқаддас дар бораи корҳое, ки ҳазрати Исо дар оянда мекунад, чӣ мегӯяд:

  •   «Ӯ бечораеро, ки нола мекунад ва бенавову бепуштупаноҳро халосӣ хоҳад дод. Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард ва ҷони мискинро наҷот хоҳад дод. Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:12–14).

 Чӣ тавр миннатдориамонро барои тамоми корҳое, ки ҳазрати Исо бароямон кард ва дар оянда мекунад, нишон дода метавонем? Дар Луқо 22:19 пайғамбар Исо ба шогирдонаш амр дод, ки рӯзи марги ӯро ба ёд оранд. Барои ҳамин Шоҳидони Яҳува ҳар сол ёдбуди ҳазрати Исоро ҷашн мегиранд. Мо шуморо даъват мекунем, ки рӯзи якшанбе, 24 марти соли 2024 ҳамроҳи мо дар ин чорабинии муҳим иштирок намоед.

Ҷойи Шоми ёдбуд