Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз қурбонии ҳазрати Исо манфиат гиред

Аз қурбонии ҳазрати Исо манфиат гиред

 Ҳар сол дар саросари дунё Шоҳидони Яҳува ҳамроҳи миллионҳо одамоне, ки ба ин чорабинӣ даъват мешаванд, Ёдбуди марги ҳазрати Исоро ҷашн мегиранд. Ҳамин тавр онҳо ба амри ҳазрати Исо гӯш медиҳанд (Луқо 22:19). Ин чорабинӣ ёрдам мекунад, то фаҳмем, ки то чӣ андоза коре, ки Исо баҳри тамоми одамизод кард, пурарзиш аст. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки чӣ тавр қурбонии Исо ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ба ҳаёти мо таъсир мерасонад (Юҳанно 3:16).

 Новобаста ба он ки шумо имсол дар ин чорабинӣ иштирок мекунед ё не, чӣ тавр аз қурбонии ҳазрати Исо манфиат гирифта метавонед? Исо гуфта буд, ки барои ин мо бояд ду кори муҳимро кунем:

  1.  1. Дар бораи Худо ва ҳазрати Исо дониш гирем. Ӯ дар дуо ба Падари осмонияш чунин гуфта буд: «Барои ҳаёти ҷовидонӣ ёфтан бояд ки туро, Худои ягонаи ҳақиқиро, ва фиристодаат Исои Масеҳро бишносанд» (Юҳанно 17:3).

  2.  2. Чизҳои фаҳмидаамонро ба кор барем. Исо таълим медод, ки мо бояд гуфтаҳои ӯро дар ҳаёт ба кор барем. Масалан, дар охири Суханронии болои кӯҳ ӯ қайд кард, ки ҳар кӣ суханонашро «мешунавад ва ба ҷо меорад», сазовори таърифу таҳсин аст (Луқо 6:46–48). Дар мавриди дигар бошад, ӯ чунин гуфт: «Агар ин чизҳоро донеду ба кор баред, хушбахт мешавед» (Юҳанно 13:17).

 Оё шумо дар бораи Худо ва ҳазрати Исо бисёртар фаҳмидан мехоҳед? Оё мехоҳед дар бораи чӣ тавр ба кор бурдани чизҳои фаҳмидаатон маслиҳатҳоро фаҳмед? Дар ин ба шумо маводи зерин кумак мекунад.

Курси омӯзиши Китоби Муқаддас

 Курси бепули омӯзиши Китоби Муқаддас ба одамон кумак мекунад, ки бо Китоби Муқаддас шинос шаванд ва маслиҳатҳои онро дар ҳаёт ба кор баранд.

  •   Ба саҳифаи «Омӯзиши Китоби Муқаддас бо муаллим» даромада, дар бораи ин курс бештар фаҳмед.

  •   Видеонавори «Аз омӯзиши Китоби Муқаддас баҳра баред»-ро тамошо кунед ва бинед, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро меомӯзанд.

Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува

 Шоҳидони Яҳува дар як ҳафта ду бор дар ибодатгоҳҳояшон ҷамъ мешаванд. Дар он ҷо мо Китоби Муқаддасро муҳокима карда, мефаҳмем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои онро ба кор барем.

 Дар ин вохӯриҳо ҳама ҳузур дошта метавонад ва барои ин Шоҳиди Яҳува будан шарт нест. Вобаста ба вазъияти маҳаллатон шумо метавонед ба вохӯриҳо равед ё ба воситаи интернет пайваст шавед.

  •   Видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро тамошо кунед ва бо тарзи гузаштани чунин вохӯриҳо шинос шавед.

Мақолаю видеонаворҳо аз сомонаи мо

 Мақола ва видеонаворҳои ин сомона ба шумо кумак мекунанд, ки дар бораи таълимоти ҳазрати Исо ва арзиши қурбонии ӯ бештар фаҳмед.

 Масалан, барои фаҳмидани он ки чӣ тавр аз марги як нафар миллионҳо одамон манфиат гирифта метавонанд, мақолаи «Ба кадом маъно Исо Наҷотбахши мост?» ва «Чаро Исо бояд азоб мекашид ва ҷонашро фидо мекард?»-ро хонед ё видеонавори «Барои чӣ Исо мурд?»-ро тамошо кунед.