Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз оянда хотирҷамъ будан — орзуи ҳамагон

Аз оянда хотирҷамъ будан — орзуи ҳамагон

Шумо чӣ гуна ояндаро орзу доред? Бешак, мисли аксар одамон мехоҳед оилаатон ояндаи хушбахт, дурахшон ва осуда дошта бошад.

Бо вуҷуди ин бисёр одамон шубҳа доранд, ки ба муроду мақсадашон мерасанд. Вақте вабои оламгир COVID-19 ногаҳон сар зад, ҳаёти одамон тамоман дигар шуд. Ғайр аз он ки қашшоқӣ ба миён омад, боз бисёр касон ҷонашонро аз даст доданд. Аз ин ҷост, ки одамон ба оянда бо тарсу хавотирӣ менигаранд.

Дар чунин вазъияти ноустувор одамон дар ҷустуҷӯйи роҳеанд, ки сӯйи ояндаи дурахшон мебарад. Баъзеҳо ба қувваҳои ноаён ба монанди бахту толеъ таваккал мекунанд. Дигарон бошанд, ба маълумоти олӣ ва боигарӣ умед мебанданд. Онҳо боварӣ доранд, ки ин чизҳо сад дар сад кумак мекунанд, ки ба мақсадашон расанд. Инчунин ба ақидаи баъзеҳо инсони хуб будан кафолати ояндаи хушбахту хуррам аст.

Оё ин чизҳо ояндаеро, ки орзу доред, ба шумо муҳайё мегардонанд? Пеш аз ҷавоб додан мебоист саволҳои зеринро ба назар гирифт:

  • Ояндаи шумо ба чӣ вобаста аст?

  • Оё маълумоти олӣ ва пул кафолати ҳаёти беҳтар буда метавонад?

  • Оё танҳо инсони хуб будан кумак мекунад, ки аз оянда хотирҷамъ бошед?

  • Роҳеро, ки сӯйи ҳаёти дурахшон мебарад, аз куҷо ёфтан мумкин?

Ҷавоби ин саволҳоро аз ин нашри «Бурҷи дидбонӣ» меёбед.