Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?

4 | Бо ёрии Худо бар нафрат ғолиб оед

4 | Бо ёрии Худо бар нафрат ғолиб оед

Каломи Худо чӣ мегӯяд?

«Самари рӯҳ бошад, ин аст: муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некуӣ, имон, нармдилӣ ва худдорӣ» (ҒАЛОТИЁН 5:22, 23).

Ин чӣ маъно дорад?

Бешубҳа, бо ёрии Худо занҷири нафратро кандан мумкин аст. Рӯҳи муқаддаси Худо дар мо хислатҳоеро инкишоф дода метавонад, ки мо танҳо бо қуввати худ ҳаргиз инкишоф дода наметавонистем. Барои ҳамин ба ҷойи дар танҳоӣ бо ҳисси нафрат мубориза бурдан беҳтараш кумакеро, ки Яҳува пешниҳод мекунад, қабул кунем. Агар ин тавр кунем, мисли Павлуси расул чунин гуфта метавонем: «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд» (Филиппиён 4:13). Бале, мо нидо карда метавонем: «Мадади ман аз сӯйи Яҳува меояд» (Забур 121:2).

Шумо чӣ кор карда метавонед?

«Яҳува мани бадхашмро ба як инсони мулоим табдил дод» ВАЛДО.

Ба Яҳува дуо гӯед, самимона хоҳиш кунед, ки ба шумо рӯҳи муқаддас диҳад (Луқо 11:13), кумак расонад, ки хислатҳои барояш писандро инкишоф диҳед. Аз Китоби Муқаддас дар бораи хислатҳое хонед, ки муқобили нафратанд. Масалан, муҳаббат, осоиштагӣ, пуртоқатӣ ва худдорӣ. Андеша кунед, ки чӣ тавр ин хислатҳоро инкишоф дода метавонед ва бо онҳое муошират кунед, ки инчунин мехоҳанд, хислатҳои мазкурро инкишоф диҳанд. Муошират бо онҳо кумак мекунад, ки муҳаббат ва некукориро пеша кунед (Ибриён 10:24).