Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Як кори неки масеҳӣ

Як кори неки масеҳӣ

ОХИРИ солҳои 1950-ум дар шаҳри хурдакаки Гуҷаратӣ (Ҳиндустон) падари Ҷон таъмид гирифт. Лекин Ҷони 13-сола, панҷ бародару хоҳараш ва модараш католик буданд, барои ҳамин ба падарашон муқобилат мекарданд.

Рӯзе падари Ҷон аз ӯ хоҳиш кард, ки як конвертро ба дӯсташ, ки Шоҳиди Яҳува буд, расонад. Вале он саҳар ҳангоми кушодани бочкаи калони оҳанин Ҷон ангушти худро бурид. Ба ин нигоҳ накарда ӯ хоҳиши падарашро иҷро карданӣ буд, аз ин рӯ ангушташро бо латачае баст ва ба назди дӯсти падараш рафт.

Вақте ки Ҷон ба хонаи дӯсти падараш омад, ӯро дар хона наёфт. Дарро зани ӯ, ки Шоҳиди Яҳува буд, кушод. Ҳангоми гирифтани конверт хоҳар ангушти осебдидаи Ҷонро дида кӯмак кардан хост. Ӯ аз хона даррав доруқуттиашро бароварда ҷойи захмро бо спирт тоза кард ва бо бинт баст. Сипас ба Ҷон як пиёла чойи ҷӯш дод. Дар вақти сӯҳбат вай меҳрубонона ба ӯ дар бораи Китоби Муқаддас нақл мекард.

Ин некии хоҳарамон дили Ҷонро мулоим кард ва ӯ нисбати Шоҳидони Яҳува фикрашро дигар намуд. Ҷон ба ӯ дар бораи эътиқоди Шоҳидони Яҳува, ки аз дини католикӣ фарқ дошт, ду савол дод: «Оё Исо Худо аст? Оё масеҳиён бояд ба Марям дуо гӯянд?» Хоҳарамон забони гуҷаратиро медонист ва ба саволҳои Ҷон бо ин забон ҷавоб дод. Ӯ дар ҷавобҳояш Китоби Муқаддасро истифода бурда ба Ҷон рисолаи «Ин Инҷили Малакут»-ро дод.

Баъдтар, вақте Ҷон ин рисоларо хонд вай фаҳмид, ки суханони хондааш ҳақиқатанд. Ӯ назди коҳини калисояшон рафта ба ӯ низ он ду саволро дод. Қоҳин аз ин хеле ба қаҳр омад ва Китоби Муқаддасро ба рӯйи Ҷон партофта дод зад: «Ту Шайтон шудӣ! Ба ман нишон деҳ, ки дар куҷои Китоби Муқаддас гуфтагӣ, ки Исо Худо нест. Ба ман гӯй, ки дар куҷо гуфтагӣ, ки ба Марям дуо гуфтан даркор не. Нишон деҳ!» Ҷон аз ин кори коҳин сахт ҳайрон шуд. Ӯ ба коҳин гуфт, ки дигар қадамашро ба калисои католикӣ намемонад ва ба гапаш истод.

Ҷон бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кард. Вай ҳақиқатро қабул кард ва ба Яҳува хизмат карданро оғоз намуд. Бо гузашти вақт якчанд аъзои оилааш низ ба ҳақиқат омаданд. Ҳатто баъди 60 сол захми ангушташ кори неки масеҳизанеро, ки барои ба ҳақиқат омаданаш сабаб гашта буд, ёдрас мекунад (2 Қӯр. 6:4, 6).