Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳулда ба мақсадаш расид

Ҳулда ба мақсадаш расид

АГАР шумо якчанд сол пеш ба ҷазираи хурди Сангир Бесери Индонезия сафар мекардед, дар соҳили он, эҳтимол, се хоҳарамонро вомехӯрдед. Онҳоро одамони он ҷо нағз мешинохтанд, зеро ба мардуми он минтақа дар бораи Китоби Муқаддас гап мезаданд. Лекин ин дафъа хоҳарон бо кори тамоман дигар машғуланд.

Ҷазираи Сангир Бесер дар тарафи шимоли Индонезия

Дар аввал онҳо ба баҳр даромада, сангҳои калонро ба соҳил бароварданд. Баъзеи онҳо чени тӯбҳои футбол буданд. Баъд хоҳарон ба курсиҳои хурди тахтагӣ шишта, бо болға зада, сангҳоро аз тухми мурғ ҳам майдатар мекарданд. Сипас сангпораҳоро ба сатилҳои пластмасӣ бор карда, аз зинапояҳо баромада, ба хонаҳояшон мебурданд. Дар он ҷо онҳо сангпораҳоро ба линчаҳои калон меандохтанд ва мошинҳои боркаш ин сангҳоро барои роҳсозӣ мебурданд.

Ҳулда аз соҳил сангҳоро ҷамъ мекунад

Яке аз ин хоҳарон Ҳулда ном дорад. Ӯ имкон дошт, ки назар ба дигарон бисёртар дар ин кор иштирок кунад. Одатан ӯ ҳамаи пулҳоро барои хароҷоти рӯзгори аҳли оилааш сарф мекард. Лекин акнун ӯ як қисми пулҳои корашро барои дигар чиз ҷамъ мекард. Ҳулда мехост, ки планшет харад, то аз барномаи JW Library® истифода барад. Ӯ медонист, ки видеонавор ва дигар маводҳои ин барнома ба ӯ ёрдам мекунад, то хизматашро беҳтар кунаду Китоби Муқаддасро хубтар фаҳмад.

Ҳулда дар мобайни яку ним моҳ ҳар саҳар дусоатӣ сангҳоро майда карда, мошини хурди боркашро пур мекард. Оқибат, ӯ пули кофӣ ҷамъ карда, планшет харид.

Ҳулда планшеташ дар даст

«Майда кардани сангҳо меҳнати сахт аст ва ман беҳад монда мешудам. Лекин, вақте ман планшети навро ба даст гирифтаму фоидаашро дар хизмат ва вохӯриҳо дидам, ҳамаи дарду азобамро фаромӯш кардам»,— мегӯяд Ҳулда. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки планшеташ дар аввали вабои оламгир барои пайваст шудан ба вохӯриҳо ва хизмат кардан воситаи беҳтарин буд. Мо шодем, ки Ҳулда ба мақсадаш расид.