Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Чӣ тавр хиштҳои бозёфта аз харобаҳои Бобил ҳаққонияти Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунанд?

БОСТОНШИНОСОН аз замини Бобили қадим як дунё хиштҳои пухтае ёфтанд, ки дар сохтани шаҳр истифода шуда буданд. Ба гуфти бостоншинос Роберт Колдевей ин гуна хиштҳои пухта дар оташдонҳои «берун аз шаҳр, ҷое ки гилаш хубу сӯзишворияш... бисёр буд», тайёр мешуданд.

Дастнависҳои қадима нишон медиҳанд, ки ҳукуматдорони бобилӣ ин гуна оташдонҳоро ба мақсади баду даҳшатнок низ истифода мебурданд. Профессори ошуршиносӣ Пол-Ален Болё, ки дар донишгоҳи шаҳри Торонто дарс медиҳад, чунин мегӯяд: «Мувофиқи сарчашмаҳои бобилӣ... бо фармони шоҳ касонеро, ки ба исён ё куфр даст мезаданд, ба ин гуна оташдонҳо партофта, месӯзонданд». Масалан, дар як дастхати замони шоҳ Набукаднесар навишта шудааст: «Онҳоро дар танӯр нобуд созед, сӯзонед, бирён кунед... бигзор дудашон баланд шаваду дар алангаи оташ ҷон диҳанд».

Ин суханон ба ёди хонандагони Китоби Муқаддас воқеаеро меорад, ки дар боби сеи китоби Дониёл навишта шудааст. Он ҷо гуфта мешавад, ки шоҳ Набукаднесар дар водии Дуро, дар вилояти Бобил, ҳайкали калони тиллоие месозад. Вақте се ҷавонмарди ибрӣ — Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, ба ҳайкал саҷда намебаранд, Набукаднесар дарғазаб шуда, амр медиҳад, ки «оташдонро аз ҳарвақта дида ҳафт баробар бештар тафсонанд» ва ин се мардро «ба оташдони фурӯзону тафсон» партоянд. Аммо фариштаи пурқудрати Яҳува онҳоро аз марг раҳо мекунад (Дон. 3:1–6, 19–28).

© The Trustees of the British Museum. Licensed under CC BY-NC-SA 4.0. Source

Хишти пухтае, ки дар он номи Набукаднесар муҳр зада шудааст

Хиштҳои дар Бобил ёфтшуда низ дурустии гуфтаҳои Китоби Муқаддасро нишон медиҳанд. Дар байнашон хиштҳои муҳрдоре буданд, ки дар навиштаҷоташон шоҳ ситоиш меёфт. Дар яке аз онҳо чунин омадааст: «Набукаднесар, шоҳи Бобил... Барои шукӯҳу бузургиям барои худ қаср, хона, сохтам... Бигзор насли ман то абад дар он ҳукмрон бошад». Ин навиштаҷот ба суханони Дониёл 4:30 монандии сахт дорад: «Оё ин Бобили бузург нест, ки ман онро бо қуввату тавоноии худ бино намудаам, то зеби хонаи шоҳӣ ва ҷалоли шукӯҳу шавкати ман бошад?!»