Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Муҳаббат зоҳир кунед

Муҳаббат зоҳир кунед

Душворӣ

Ҳисси бадгумонӣ ба зудӣ нест намешавад. Чи хеле ки барои аз вирус шифо ёфтан вақту кӯшиш лозим аст, барои бадгумониро аз худ дур кардан низ вақт ва кӯшиш даркор аст. Чӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки бар ҳисси бадгумонӣ ғолиб оед?

Китоби Муқаддас мегӯяд:

«Муҳаббатро дар бар кунед, чунки он ягонагии пурра меорад» (ҚӮЛАССИЁН 3:14).

Ин чӣ маъно дорад? Барои якдигар корҳои нек кардан одамонро бо ҳам аҳлу тифоқ месозад. Чи қадаре ки ба одамон зиёдтар муҳаббат зоҳир кунед, бадгумониатон ҳамон қадар кам мешавад. Вақте ки дар дилатон муҳаббат ба одамон зиёд шудан мегирад, барои нафрату бадбинӣ дар он ҷой намемонад.

Чӣ кор кардан мумкин аст?

Агар шумо ба ягон гурӯҳи одамон назари манфӣ дошта бошед, фикр кунед, ки ба шахсе, ки аз он гурӯҳ аст, бо кадом роҳ муҳаббат нишон дода метавонед. Нақшаи амалро то чизҳои майда-чуйда тартиб додан шарт нест. Як ё якчанд маслиҳати дар поён овардашударо ба кор баред:

Ҳар боре ки некии хурде мекунед, бадгумонӣ дар дилатон торафт кам мешавад

  • Ҳангоми даромадан ё баромадан аз бино дарро барои шахс кушоед ё қапида истед ва ё дар нақлиёт ба ӯ ҷой диҳед.

  • Бо шахс кӯтоҳ сӯҳбат кунед, ҳатто агар вай бо забони шумо равон гап назанад.

  • Агар ягон рафтори ӯ шуморо асабӣ кунад, пуртоқат бошед.

  • Вақте шахс дар бораи душвориҳояш нақл мекунад, дилсӯзӣ нишон диҳед.