Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо ба фарзандонатон чӣ гуна пай мегузоред?

БАРОИ ВОЛИДОН

8: Намунаи ибрат

8: Намунаи ибрат

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Вақте волидон аз рӯйи чизҳое, ки ба фарзандон ёд медиҳанд, зиндагӣ мекунанд, ба онҳо намунаи хуб нишон медиҳанд. Масалан, шумо ба писаратон мегӯед, ки ҳама вақт ростқавл бошад. Лекин худатон ба раиси корхонаатон дар телефон мегӯед, ки касал шудаед, ҳол он ки фақат истироҳат кардан мехоҳед. Оё баъд писаратон ростгӯ мешавад?

«Баъзеҳо мегӯянд: “Гуфтаамро куну кардаамро накун”. Лекин дар тарбияи кӯдакон ин гуфтаҳо кор намеоянд. Чуноне ки пахта обро ҷаббида мегирад, кӯдакон ҳама сухану рафтори моро ба худ “ҷаббида” мегиранд ва вақте ки гапамон аз корамон фарқ мекунад, даррав инро пай мебаранд» (Дэвид).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Мавъиза карда “дуздӣ накун” мегӯиву худат дуздӣ мекунӣ?» (Румиён 2:21).

ЧАРО НАМУНАИ ИБРАТ БУДАН МУҲИМ АСТ?

Ба кӯдакон ва наврасон аз волидонашон дида касе бештар таъсир расонда наметавонад, ҳатто ҳамсолонашон. Пас, шумо имконияти зиёдтар доред, ки фарзандонатонро ба роҳи рост ҳидоят кунед. Ва ин ба шумо ба шарте муяссар мегардад, агар худатон мувофиқи чизҳое, ки аз онҳо талаб доред, рафтор кунед.

«Баъзан як чизро сад бор такрор мекунем ва чунин метобад, ки кӯдак гӯё намешунавад, вале агар як бор худамон аз рӯйи гуфти худ амал накунем, бача инро зуд пай мебарад. Кӯдакон ба ҳама чизе ки мо мекунем, аҳамият медиҳанд, ҳатто мо фикр кунем, ки онҳо моро намебинанд» (Надя).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Хираде, ки аз болост... дурӯя нест» (Яъқуб 3:17).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Рафтори худро тафтиш кунед. Кадом намуди филмҳоро шумо тамошо мекунед? Бо ҳамсар ва фарзандонатон чӣ тавр муомила мекунед? Бо чӣ хел одамон дӯстӣ доред? Оё шумо дар бораи дигарон ғамхорӣ мекунед? Хулоса, оё худи шумо чунин шахсе ҳастед, ки мехоҳед кӯдакатон шавад?

«Ману шавҳарам аз фарзандонамон чизеро, ки худамон намекунем, талаб наменамоем» (Кристин).

Бахшиш пурсед. Кӯдакони шумо бе ин ҳам медонанд, ки шумо нокомилед. Лекин дар вақти лозима аз ҳамсар ва фарзандонатон бахшиш пурсида шумо дар ростқавлӣ ва эҳтиром кардани дигарон намунаи ибрат нишон медиҳед.

«Мо мехоҳем, ки фарзандонамон бахшиш пурсидани мо ва ба хатоямон иқрор шуданамонро шунаванд. Агар мо чунин накунем, онҳо ёд намегиранд, ки хатои худро ба калла гиранд» (Робин).

«Мо волидон ба фарзандони худ таъсири калонтарин мерасонем. Ба онҳо намунаи ибрат будан дар тарбия нақши асосӣ мебозад, чунки онҳо ҳама вақт инро мебинанд. Ин гӯё китобест, ки ҳамеша кушода аст, дарсест, ки доимо меомӯзанд» (Вилям).