Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Oleh_Slobodeniuk/E+ via Getty Images

Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад

Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад

«Замин аз тасаввуроте, ки мо нисбати он дорем, бақувваттар аст».

Ин хулосаи гурӯҳи муҳаққиқони байналмилалие мебошад, ки масъалаи тағйирёбии иқлимро меомӯзанд. Агар бовар дошта бошед, ки Заминро Худо офаридааст ва ӯ шуморо дӯст медорад, пас мефаҳмед, ки Худо сайёраи моро бо хусусияти барқарор шудан офаридааст.

Азбаски одамон ба Замин зарари ҷиддӣ расонида истодаанд, танҳо равандҳои табиӣ онро барқарор карда наметавонанд. Лекин мо дилпурем, ки Худо ин масъаларо ҳал мекунад. Барои чӣ?

Ба оятҳои ин саҳифа диққат диҳед. Онҳо нишон медиҳанд, ки сайёраи мо нобуд намешавад, баръакс, нашъунамо меёбад.

  • Сайёраи моро Худо офарид. «Дар аввал Худо осмон ва заминро офарид» (1 Мӯсо 1:1).

  • Соҳиби Замин Худост. «Замин ва ҳар чӣ дар он аст, олам ва сокинони он аз Яҳува a аст» (Забур 24:1).

  • Худо сайёраи моро пойдор офаридааст. «Ӯ заминро бар асосҳояш бунёд кардааст, он ҳаргиз ва ҳаргиз такон нахоҳад хӯрд» (Забур 104:5).

  • Худо ваъда медиҳад, ки ҳаёт дар сайёраи мо ҳамеша хоҳад буд. «Худои ҳақиқӣ, Офарандаи замин... онро на беҳуда, балки барои зист офаридааст» (Ишаъё 45:18).

  • Худо ваъда медиҳад, ки одамон дар Замин беохир зиндагӣ мекунанд. «Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29).

Худо заминро барои он офарид, ки одамон аз ҳаёт лаззат баранд, вале одамони худхоҳ ба он зарар расонида истодаанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува Худо дар вақти муқаррар намудааш ба корҳои нодурусти одамони худхоҳ хотима мебахшад (Ошкорсозӣ 11:18).

Сипас, мувофиқи ваъдае, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ӯ Заминро ба биҳишти зебо табдил медиҳад ва «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш сер» мекунад (Забур 145:16).

a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).