Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чап: Yasser Qudaih/Anadolu via Getty Images; рост: RONALDO SCHEMIDT/AFP via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Кай ҷангу муноқишаҳо ба охир мерасанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Кай ҷангу муноқишаҳо ба охир мерасанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, Антониу Гутерриш, дар бораи ҳамлаи Эрон ба Исроил, ки 13-уми апрели соли 2024 рӯй дод, чунин гуфт: «Ҳоло вақти он аст, ки оташи ғазабамонро паст карда, ташвишу хавотириямонро камтар кунем. Бале, ҳоло вақти он расидааст, ки худро ба даст гирем».

 Муноқишаи Шарқи Миёна танҳо қатрае аз баҳри ҷангҳои ҷаҳонӣ аст.

 «Имрӯз шумораи ҷангу ҷидолҳои бераҳмона аз шумораи муноқишаҳое, ки аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон рӯй доданд, бисёртаранд. Ин ҷангҳо ба 2 миллиард одам, яъне ба ҳар нафари чорум, таъсир расонида истодаанд» (Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, 26 январи 2023).

 Давлатҳое, ки ҳоло ҷангу муноқишаҳо домангирашон гаштаанд, инҳоянд: Исроил, Ғазза, Сурия, Озарбойҷон, Украина, Судон, Эфиопия, Нигер, Мянма ва Ҳаити a.

 Кай ҷангу ҷидолҳо бас мешаванд? Оё пешвоёни ҷаҳон сулҳро пойдор карда метавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Пардаи торики ҷанг дунёро фаро гирифтааст

 Китоби Муқаддас пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои мо, яъне «охирзамон», ҷангу низоъҳо рӯй медиҳанд (Матто 24:3). Имрӯз ҷангҳои ҷаҳонӣ иҷрошавии ин пешгӯйиро исбот мекунанд ва нишон медиҳанд, ки ба наздикӣ тамоми ҷангҳо аз байн мераванд.

  •   «Шумо садои ҷанг ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид... як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад» (Матто 24:6, 7).

 Мақолаи «Чӣ нишон медиҳад, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем?»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр имрӯз пешгӯйии Китоби Муқаддас иҷро шуда истодааст.

Ҷанге, ки ба ҳама ҷангҳо хотима мебахшад

 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҷангу муноқишаҳои одамӣ хотима меёбанд. Чӣ тавр? Бо кӯшиши одамизод неву ба воситаи Ҳармаҷиддӯн — «ҷанге, ки дар рӯзи бузурги Худои Тавоно сар мезанад» (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Ин ҷанг раҳкушои сулҳи пойдор мегардад ва Худо ваъдаи ба одамизод додаашро иҷро мекунад (Забур 37:10, 11, 29).

 Чӣ тавр ҷанги Худо ба ҳама ҷангҳо хотима мебахшад? Барои гирифтани маълумоти бештар мақолаи «Ҳармаҷиддӯн чӣ гуна ҷанг аст?»-ро хонед.

a ACLED Conflict Index, «Сатҳи муноқишаҳои бераҳмона дар саросари ҷаҳон», январи 2024